Дар бораи мо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи туризм, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад, аҳамияти махсус медиҳад. Бо мақсади рушди ин бахш, Ҳукумат фазои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ муҳайё кардааст.Моҳи майи соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ва бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, инчунин муаррифии имконоти сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 солҳо “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуданд.
Вижагии беҳамтоии Тоҷикистон дар он аст, ки дар тӯли чанд соат шумо метавонед аз шароити гуногуни иқлим дидан кунед.Табиати Тоҷикистон бениҳоят зебо аст ва бо рангҳои зебо писанд аст. Дар ду рӯз шумо ҳамаи чор фаслро дида метавонед. Манзараи аҷоиб – қуллаҳои кӯҳии барфпӯш ба сангҳои сабз мубаддал мешаванд.