Рӯзи 18 ноябри соли 2021 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» – Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат роҳҳои тавсеаи робитаҳои соҳибкорони ду кишвар дар самти сармоягузории лоиҳаҳои марбут ба зерсохтори саёҳатӣ ва инчунин истифода аз зарфиятҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон, ки дар таҳкими тиҷорат ва саёҳати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, баррасӣ шуданд. Дар ин замина Тоҷиддин Ҷӯразода роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварамон ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамари сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё намудааст, маълумоти муфассал дод.
Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот дар минтақа ва дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имкониятҳои васеи истеҳсолӣ барои сармоягузорон ҷолиб аст ва соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо ҳавасманданд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро барои баррасии самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ зарур шумориданд. Ҳамчунин мувофиқа шуд, ки Анҷумани соҳибкорони Қатар пас аз омӯзиши бастаи лоиҳаҳое, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд, гурӯҳи кории худро ба Душанбе сафарбар хоҳад кард.