Рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси ифтитоҳӣ ҷиҳати оѓози як қатор лоиҳаҳои машваратӣ вобаста ба арзёбӣ ва муқовимат бо шиддати таъсири пандемияи коронавирус ба соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.Дар кори видеоконфронс раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода, аъзои гурӯҳи кории мубориза бо бӯҳрони COVID-19 дар назди Кумита, инчунин коршиносони байналмилалии Ассотсиатсияи тиҷоратӣ оид ба сайёҳии саргузаштӣ (АТТА) ширкат варзиданд. Раиси Кумита муҳим будани кӯмаку дастгириҳои соҳаи сайёҳӣ дар ин давраи душворро дарҷ намуда, барои ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои байналмилалии сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуд.Қайд гардид, ки АТТА дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳии кории мубориза бо бӯҳрони COVID-19 дар назди Кумита ҷиҳати коҳиш додани шиддати таъсири коронавирус ба соҳаи сайёҳӣ  чораандешӣ менамоянд. Дар фарҷоми кори видеоконфронс ҷонибҳо оид ба нақшаҳо ва иқдомҳои минбаъда, ки дар фурсати наздик амалӣ карда мешаванд, табодули афкор намуданд.