БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ҚАБУЛУ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР МАВЗЕИ ИСТИРОҲАТИИ ЧИЛУЧОРЧАШМА
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ мутахассисони соҳа таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода ба ноҳияи Носири Хусрав сафар намуда, ҳамроҳ бо масъулини соҳа бо захира ва имкониятҳои қабулу хизматрасонии сайёҳии ноҳия, аз ҷумла мавзеи истироҳатии “Чилучорчашма” аз наздик шинос гардиданд.
Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола шинохта шудааст.
Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мавзеъ аз паи теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фавора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад.
Оби хамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷуйбори калони паҳноияш 10 – 12 метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст.
Дар инҷо аз ҳама муъчизае, ки сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст ин моҳиҳо ва моррони “Чилучорчашма” мебошанд. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо шино мекунанд.
Морҳо бошанд аз болои моҳиҳо гузашта ба онҳо хамла намекунанд. Чилучорчашма мавзеи зиёратӣ, истроњатию рекреатсиони ба шумор рафта дар инҷо сайёҳии зиёратӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ хело рушд ёфтааст.
Тибқи иттилои масъулин дар мавсими гармо дар як рӯз аз 1000 то 1500 нафар ба ин макон барои истироҳату фароғат ва зиёрат ташриф меоранд.
Имрўз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ояндаи наздик дар заминаи татбиқи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба “Рушди иқтисодиёти деҳот” мавзеи мазкур бозсозӣ гардида, имкониятҳои хизматрасонӣ ба сатҳи байналмилалӣ бароварда мешавад. Ҳамчунин дар гирду атрофи мавзеи истироҳатии “Чилучорчашма” иншооти ёрирасони хизматрасонӣ ба меҳмону сайёҳон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.