Бо мақсади баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, ҳайати коории  Кумитаи рушди сайёҳӣ рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон сафар намуда, бо масъулини мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ташаббускор дар мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои мазкур вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯриҳо таваҷҷуҳи бештар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, дар мавзеъҳои таърихӣ фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳӣ дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ зоҳир гардида, роҳбарияти Кумита барои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ тавсияҳо дода шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони сарбаланди вилоят ва соҳибкорони саховатманду пешсаф бо маром идома дошта, инфрасохтори сайёҳӣ рушд намуда истодааст.

Дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, алахусус мақбараи “Мир Саид Алии Ҳамадонӣ”, “Қалъаи Ҳулбук, оромгоҳи “Хоҷа Машҳад”, мавзеи “Чилучорчашма”,  мазори “Ҳазрати Султон”, шаршараи “Сарихосор”, мавзеи “Чилдухтарон” ва дигар мавзеъҳо ҷалб карда истодаанд.

Дар соли равон Кумита барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, силсила суҳбату мулоқотҳо, тренингу омўзишҳо, конфронсу корвонҳои матуботиро бо иштироки рӯзноманигорон пиёда намуд, ки баҳри муаррифӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии вилоят, Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, мавзеъҳои тамошобоби Хатлонро дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ муаррифӣ намуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки Ҳамоҳангсози ТИКА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Ибраҳим Эрбир бо ҳайати Кумита сафар намуда, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳии кишоварзӣ (агротуризм) ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби бонувони ҳунарманд омодагии худро изҳор намуда, дар самти таҳияи лоиҳаҳои грантӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ нақшаҳои муштарак тасдиқ намудааст.