Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муминзод Камолиддин

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муминзод Камолиддин  2 январи соли  1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,факултаи "Ҳуқуқшиносӣ"-ро бо дипломи аъло, соли 2012 Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон факултаи "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит" ва солҳои 2019-2020 Магистратураи байналмилалии оид ба идоракунии хариди давлатии факултаи "Иқтисодиёт"-и Донишгоҳи Тор Вергата, шаҳри Рим, Ҷумҳурии Италияро хатм кардааст                                    

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2001-2006 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2012 донишҷӯи Донишгоҳи Cлавянии Россия ва Тоҷикистон
Солҳои 2019-2020 донишҷӯи (Магистратураи байналмилалии оид ба идоракунии хариди давлатии факултаи "Иқтисодиёт") Донишгоҳи Тор Вергата, шаҳри Рим, Ҷумҳурии Италия
Солҳои 2007-2010 мутахассис, сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Маркази идораи Лоиҳаи «Лоиҳаи таҷдиди маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2010 (08-11) сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳа «Лоиҳаҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувории соҳаи пахтакорӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2011  ёвар оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Лоиҳаи «Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои ҷавонони Тоҷикистон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2012 ҳамоҳангсози ҷумҳуриявӣ доир ба мониторинг ва баҳодиҳии «Лоиҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014  директори КВД «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе», дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2016 мушовири оид ба хариди Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳа «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2018 мушовир оид ба хариди Гуруҳи идоракунии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2019 мутахассис оид ба хариди лоиҳаҳо дар Ташкилоти ҷамъиятии “Нури Умед”
Солҳои 2019-2020 мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳамоҳангсозии барнома, лоиҳа ва грантҳои маориф ва илми  Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон
Солҳои 2020-2023 Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 11 январи соли 2023 то ҳол Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон