Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амирбекзода Ҳабибулло

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амирбекзода Ҳабибулло 7 октябри соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси фаъолияти ҳуқуқи байналхалқӣ ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷменти сиёсӣ хатм кардааст. 

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли 2020, №1571 бо медали “Хизмати шоиста” ва  бо рутбаи тахассусии “Мушовири давлатии дараҷаи 2”  аз 23 августи соли 2021, №232 сарфароз гардонида шудааст.

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1996-2001- донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Соли 2001(11-12)- котиби маҷлиси судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001-2002- мутахассиси дараҷаи якум оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2003- ёрдамчии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2003 (02-05)- мушовири Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2003 -2006- сардори Шуъбаи арзу шикоятҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006 -2007- мудири Шуъбаи ҷамъбасткунии амалияи судӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  
Солҳои 2007-2008- ёрдамчии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009- мутахассиси Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии  ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2010- сармутахассиси Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2010 (01-06)- сармутахассиси Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2015- роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017- муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз июни соли 2017 то ҳоло- муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон