Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабар

Имрӯз бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон кумаки навбатии башардӯстона фиристонида шуд 02.12.2022 23:21
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир ҳисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд. Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ....
Семинар-машварат оид ба “Нақшаи рушди устувори сайёҳӣ” 02.12.2022 11:49
Рӯзҳои 24-25 ноябри соли 2022 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии кумита ва намояндагони ширкатҳои фаъоли сайёҳӣ оид ба “Нақшаи рушди устувори сайёҳӣ ва маркетинг” семинар-машварат баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии алоқамандон, кормандон ва субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ....
«CRAFT FAIR UZBEKISTAN 2022». Намояндагони Тоҷикистон дар ин ярмаркаи байналмилалӣ иштирок мекунанд 30.11.2022 11:05
Аз 30 ноябр то 2 декабр дар Тошканд Ярмаркаи байналмилалии «Craft Fair Uzbekistan 2022» баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистонро Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва зиёда аз 50 ширкати сайёҳии ватанӣ намояндагӣ мекунанд. Ярмаркаи мазкур дар Маҷмӯи миллии намоишгоҳи «Узэкспомарказ» баргузор мешавад. Дар он маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи ....
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд 26.11.2022 18:13
Имрӯз бо ташаббуси ҷониби Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аз ҷараёни рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса тайи 30-соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти андешидани ....
Парчами миллӣ - ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд 24.11.2022 10:38
Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ - ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд” бо иштироки кормандони Кумита ҳамоиш баргузор гардид. Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оғоз шуда, роҳбарияти Кумита кулли кормандони соҳаи сайёҳиро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид ....
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24.11.2022 09:52
Ҳамватанони азиз! Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ....
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд 23.11.2022 21:16
23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои ....
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ба Арманистон сафар карданд 23.11.2022 17:14
23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси ....
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро ба ҳузур пазируфтанд 22.11.2022 18:30
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид. Дар ин ....
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО доир гардид 22.11.2022 17:40
22 ноябр таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони идораҳои сайёҳии Озарбойҷон, Бангладеш, Чин, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия, ва Котиботи МҲТБО иштирок доштанд. Роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти рушди ҳамкориро ....
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» иштирок карданд 17.11.2022 10:40
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи ....
СУХАНРОНИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.11.2022 22:16
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз аз оғози баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои дар ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон воқеан таърихӣ мебошад, сӣ сол сипарӣ гардид. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин рӯйдоди бузург, ки нуқтаи оғози ....
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қасри «Арбоб» дидан карданд 16.11.2022 22:13
16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб» идома ёфт. Дар Қасри маданияти «Арбоб» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Осорхонаи таърихии ин бинои муҳташам, ки соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI ....
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» ба истифода доданд 16.11.2022 22:09
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд. Боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди ....
Нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 15.11.2022 16:51
Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита, вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ҳамоиш баргузор гардид. Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оғоз шуда, ....