Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабар

Имрӯз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 24.01.2023 16:48
24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти ....
Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» иштирок мекунад 23.01.2023 16:41
18 январ роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони «Kahramanmaraş EXPO 2023»-и Туркия боздид намуда, бо раванди корҳои сохтмонӣ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайдар Раҷабов ва Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ....
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Непал Бидхя Деви Бхандари барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд 16.01.2023 17:01
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Бидхя Деви Бхандари барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Хонуми Олиҷоҳ, Хабари талафоти зиёди ҷонӣ бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Непал боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар ....
Натиҷагириҳо аз соли 2022 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда 09.01.2023 17:41
Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Кумита дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зикр намуд, ки бо дарназардошти аҳамияти калидӣ доштани соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар он ҳамчун самти афзалиятноки рушд дар Стратегияи ....
Дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии омори сайёҳӣ низоми нав ҷорӣ карда мешавад 09.01.2023 14:58
Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ва ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ (TSA -Tourism Satellite Account) ҷорӣ карда мешавад. Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сохтори Маҷмӯи ....
Тақвиятҳои ҳамкориҳо бо Давлати Кувайт дар соҳаи сайёҳӣ 06.01.2023 20:07
Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ ....
Марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оғоз ёфт 05.01.2023 15:58
Марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (барои солҳои 2023-2026) оғоз гардид. Дар ин марҳила ба саноатикунонии босуръати соҳаи сайёҳӣ, тақвияти неруи кадрии соҳаи сайёҳӣ, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ ва таъмини иттилоотии соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути иштирок ....
Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт аз мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистон дидан намуданд 05.01.2023 12:37
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба мамлакати мо омаданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо саёҳати иттилоотӣ доир намуд. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин ....
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023 31.12.2022 20:43
31.12.2022, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям. Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди таъсири ....
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" роҳнамои ҷавонон 31.12.2022 15:57
Тарбияи насли наврас имрӯз на танњо масъулияти мактабу маориф, балки падару модарон басо бузург шуморида мешавад. Дар ин ҷода, ҳар як падару модар вазифадор аст, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори волидайн барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад. Қобили зикр аст, ....
Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид 30.12.2022 21:45
Имрӯз бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ ва омода кардани мутахассисони ихтисосманд баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, масъулини сохторҳои ноҳия ва субъектҳои хизматрасони сайёҳии минтақа иштирок намуданд. Зикр гардид, ки Ҳукумати ....
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 29.12.2022 18:23
Сипас аъзои Ҳукумати мамлакат Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.Зикр гардид, ки Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 дар асоси нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳия гардида, таъмини рушди устувори ....
ХАТСАЙРИ НАВ. Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дода шуд 29.12.2022 15:14
Шоми имрӯз, 29 декабр дар масири Ал-Кувайт-Душанбе-Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд.Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.Парвоз тариқи ҳавопаймоии ширкати Jazeera Airways ба роҳ монда шуд. Ҳавопаймо соати 17:42 ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад ....
ФОРУМИ САЁҲАТИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН. Ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат 21 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд 28.12.2022 15:22
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи Форуми саёҳативу тиҷоратӣ, ки дирӯз, 27 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 21 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ доир карда шуд. Дар кори форум роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ассотсиатсияву ширкатҳои ....
Дар ноҳияи Дарвоз ба шунавандагони курси омӯзишӣ аз рӯи ихтисоси пешхизмат шаҳодатнома супорида шуд 28.12.2022 10:12
Бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ омода кардани мутахассисони донандаи забон, фарҳанг, таърих ва технологияҳои муосир, такмили ихтисос ва тақвияти нерӯи инсонӣ, аз ҷумла идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва маркетологҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст. Дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои ....