Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти робитаҳо бо кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар соҳаи сайёҳӣ

Имруз дар шаҳри Варанасаи Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии роҳбарони 

мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор 

гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба таври маҷозӣ ширкат 

намуд.

Тибқи рӯзномаи вохӯрӣ дар кори он 7 масъала мавриди баррасӣ ва 

муҳокима қарор дода шуданд. Роҳбарияти Кумита зимни баргузории вохӯрӣ 

дар бораи ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои 

узви СҲШ баромад намуда, қайд карда шуд, ки рушди бемайлони соҳаи 

сайёҳӣ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварҳо нақши 

муҳимро иҷро менамояд. Дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо 

хусусиятҳои хоси фарҳангӣ ва таърихӣ, табиати дилфиреб, обҳои 

шифобахш, куҳҳои баланд, олами набототу ҳайвонот ва дигар омилҳо яке аз 

самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин дар бораи таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои 

хатсайрҳои мавҷуда аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории 

сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори 

гардишгарӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Дар интиҳои вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви 

Созмони Ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки он 

бевосита барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар байни кишварҳои СҲШ муҳим 

арзёбӣ мегардад.

Қобили тазаккур аст, ки солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистон дар 

соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои узви СҲШ тақвият ёфта, шумораи гардиши 

сайёҳон аз кишварҳои узви ин созмон рӯ ба афзоиш мебошад.