Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" роҳнамои ҷавонон

Тарбияи насли наврас имрӯз на танњо масъулияти мактабу маориф, балки падару модарон басо бузург шуморида мешавад. Дар ин ҷода, ҳар як падару модар вазифадор аст, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори волидайн барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад.

Қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" 2 августи соли 2011, № 762 қабул гардида, аз 6 боб ва 17 модда иборат мебошад. Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, тарбияи онҳо инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо, татбиқ мегардад.

Қонуни болозикр вазифаҳои падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеаро дар таълиму тарбияи фарзанд муайян менамояд. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Тибқи қонун ҳар як падару модар вазифадор гардидааст, ки шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзандро фароҳам оварад.

Бо шарофати падару модар одобу ахлоқ, илму дониш ва беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагони мо аз насл ба насл интиқол ёфта, ба як мактаби бузурги тарбияи ахлоқи иҷтимоӣ ва маънавии шахсият табдил меёбад. Гузаштагони мо ба рафтору гуфтори бузургон ва насиҳату дуои волидайн такя мекарданд ва ин анъанаи неки ниёгон то имрўз идома дорад. Чунончи Кайковус бо мақсади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудани вай дар сини 63-солагӣ ба навиштани насиҳатномае шурӯъ мекунад, ки бо номи "Қобуснома" машҳур аст. Кайковус насиҳатномаи худро барои адои «Шарти падарӣ» бо мақсади тарбияи фарзандонаш бахшидааст, вале он ба дастури ахлоқиву тарбиявӣ ва китоби бадеиву хондании ҳазорҳо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёти халқҳои тоҷику форс ҷовидонӣ сабт намуд.

Дар Қонуни мазкур назорати падару модар нисбат ба фарзан пурзур карда шудааст. Яке аз воситаҳои ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ ин шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар ӯҳдадор гардидаанд, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд. Иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд.

Барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мо пеш аз ҳама дар миёни ҷавонон аз оилаҳои худ бояд корҳои таблиғотӣ гузаронем инчунин, яке аз роҳҳои пешгирии онҳо паҳн кардани варақа ва китобчаҳои маълумотии таблиғотӣ мебошад.

Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намуда ба қадри ин арзишҳо расанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Моро низ зарур аст дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набуда, онҳоро дар рўҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намоем ва ба илму касбомўзиашон бештар диққати ҷиддӣ диҳем.

Дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар ӯҳдадор гардаанд, ки фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд.

Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ вазифаи муҳими оила ва мактаб мебошад. Омўзиш ва таҳлили сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари онҳо натиҷаи омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зери мафҳуми “Тарбия”чунин дарҷ гардидааст:

“Тарбия” - раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар моддаи 8 Қонуни мазкур падару модар муваззаф гардидаанд, ки фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ривоҷу равнақи илму фарҳанг, ҳамбастагии илму амал ва дар амалӣ гардидани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳиссагузор бошем. Ҳар шахсе, ки миллати худ, Ватани худро дўст медорад ва эҳтиром менамояд, бояд ба қадри ин арзишҳо расад ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад. Онҳоро дар рўҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намояд ва ба илму касбомўзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рўҳия ташвиқ намояд.

   Сармутахассиси Раёсати рушди

сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди

         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

          Муқаннаъ Назруллозода