Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.

Сарвари давлат бори дигар аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД ёдовар шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Сарвазири ин кишвар Никол Пашинян ҷиҳати ташкили сатҳи баланди тадорукотии кори ҷаласа ва иҷрои корҳо дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати қабули раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ табрик гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фаъолияти пурсамари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро таъкид намуда, ба роҳбари навтаъини Созмон Имангали Тасмагамбетов барори кор орзу намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва як қатор санадҳои дигар қабул карда шуд.