
Муаррифии Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ

Имрӯз бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳӣ гӯшаи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор шуд, дар баробари намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид.
Дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат маводҳои иттилоотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим гардид.
Ҳамчунин, дар намоишгоҳ имкониятҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба намудҳои афзалиятноки соҳа ва эҷодиёти донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба тамошо гузошта шуд.
Ҳадаф аз муаррифии дастовардҳои сайёҳӣ дар базмгоҳи ҷашни Сада рушди сайёҳӣ ва тарғиби анъанаҳои миллии ниёгон буда, ба ин васила боло бурдани нақши тамаддунсози миллати тоҷик ва муаррифии имкониятҳои шоистаи сайёҳии кишвар, хусусан иди Сада ҳамчун бренди сайёҳӣ мебошад.