Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар ЭКСПО-и Ҷопон

22 сентябр ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2022 оғоз гардида, то 25 сентябри 2022 давом хоҳад кард. Дар намоишгоҳ ҳайати расмии Тоҷикистонро Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод роҳбарӣ намуда, инчунин роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ширкат меварзанд.

Боиси зикр аст, бо ибтикор ва дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) бахши муштараки кишварҳои Осиёи Миёна дар доираи ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2022 омода гардид.

Имрӯз, 22 сентябр маросими ифтитоҳи бахши гӯшаи Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он Сафир М.Ҷалолов ширкат кард. Роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба корӣ бахши Осиёи Марказӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин бахш панҷ кишвари Осиёи Марказӣ гӯшаҳои худро бо маводи таблиғоти ва анҷому хӯроквориҳои миллӣ ороиш дода, ба намоиш гузоштанд. Гӯшаи Тоҷикистон низ бо истифода аз маводи таблиғии сайёҳӣ, меваҷоти хушк ва сару либоси миллии тоҷикӣ оро ёфта буд.

Дар доираи ЭКСПО-и сайёҳӣ мулоқоти роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризми Ҷопон, Ассотсиатсияи туризми Ҷопон (JTTA), Созмони миллии сайёҳии Ҷопон (JNTO)ва Ассотсиатсияи агентии сайёҳии Ҷопон (JATA) ва бо муовини Директори Осиёи Марказӣ ва Кавказӣ Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2022 аз ҷониби ширкат ва ассотсиятсияҳои бузурги ҷопонӣ Japan Travel and Tourism Association (JTTA), Japan Association of Travel Agents (JATA) ва Japan National Tourism Organization (JNTO) ташкил шудааст. Tourism EXPO Japan чорабинии фарогири тиҷорати сайёҳӣ буда, кишварҳои калидӣ дар соҳаи ҷаҳонии сайёҳӣ ва сайёҳонро муттаҳид мекунад. Дар доираи ин чорабинӣ вохӯриҳои корӣ, мубодила, мубоҳисаҳо ва таблиғоти мустақим байни ширкатҳо ва мизоҷон доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур то 150 000 нафар меҳмонон ба намоишгоҳ ташриф оваранд.