Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагии ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2023

Имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, ки дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2023 иштирок менамоянд, ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Раиси Кумита ба роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори чорабинӣ, муаррифии шоистаи иқтидорҳои сайёҳӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, нишон додани эҳсоси баланди ватандорӣ ва меҳмондории миллати тоҷик тавсияҳои мушаххас дод.

Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гўшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба тамошои дўстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.

Имсол дар намоишҳои ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ бартариятҳои рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷикро ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд.

«ITB Berlin» намоишгоҳи пешоҳанги тиҷоратии ҷаҳонӣ, тарғиботӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии ҳар як давлат мебошад. Бо дастгири ҳамешагии Ҳукумати мамлакат иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлакат хеле муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Аврупою Осиё вусъат дода шавад.