Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “MITT – 2023” муаррифӣ гардид

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Кумитаи 

рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷо бо ширкатҳои 

сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои кишвар имкониятҳои сайёҳии 

Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2023», ки 

имрӯз дар пойтахти Русия - шаҳри Москва оғоз ёфт, муаррифӣ менамоянд.

Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур дар масоҳати 24 

метри мураббаъ ташкил шуда, бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз 

ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва 

имконияти машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, 

фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.

Иштироки бахши сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи 

кишвар, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-2023» яке 

аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, 

барои васеъ гаштани ҳамкориҳо бо давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта 

заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2023» то 18 март идома 

ёфта, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 

ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат барои ба роҳ мондани 

ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ мусоидат менамояд.

«MITT-2023» бузургтарин намоишгоҳи сайёҳӣ дар Русия дар сатҳи 

«Туризм ва фароғат» буда, он платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои 

кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳии тамоми ҷаҳон мебошад, ки 

маҳсулот ва хидматҳои худро дар бозори Русия муаррифӣ мекунанд. 

Ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонони намоишгоҳ имкон доранд бо намояндагони 

ассотсиатсияҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, танзимгарони соҳа вохӯрию суҳбатҳо 

доир намуда, муштариён ва шарикони нав пайдо кунанд ва ҳамкориро бо 

мақсади рушди туризм тақвият бахшанд.

Бояд тазаккур дод, ки Федератсияи Русия дар қатори давлатҳои даҳгона 

аз лиҳози ташрифи бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба 17 апрели соли 2019 

Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 

дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

Қобили тазаккур аст, ки имсол дар ҳошияи Конфронси нуҳум оид ба 

ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон байни Кумитаи рушди 

сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди 

иқтисоди Федератсияи Русия харитаи роҳи Тоҷикистон ва Русия ба имзо 

расид, ки ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи заминаи мусоид фароҳам меорад.