Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМОИШИ МУШТАРАК ОИД БА НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ ТАДҚИҚОТҲО МИЁНИ САЙЁҲОНИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

15 декабри 2022 дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши муштарак оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти тадқиқотҳо дар байни сайёҳони дохилӣ ва байналмилалӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори ташкилотҳои ҷамъиятии “Паст кардани сатҳи камбизоатӣ” ва Маркази таҳлилии “Наво” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аз қабили вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллӣ, Агентии омор, Авиатсияи гражданӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Хадамоти гумрук, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Тибқи барнома, нахуст муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод  бо сухани ифтитоҳии худ ба кори ҳамоиш ҳусни оғоз бахшид. Ӯ дарҷ намуд, ки тадқиқотҳо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” расман 7 сентябри соли 2020 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд огоз гардид.

Сипас паёми видеоии коршиноси аршади Созмони Ҷаҳонии Сайёҳии СММ Никос Голфинопулос пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Коршиноси байналмилалии сайёҳӣ ва роҳбари гурӯҳи лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” Карлос Фариа дар баромади худ таъкид намуд, ки тадқиқот миёни сайёҳони дохилӣ ва  байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” буда, ҳадафи он пеш аз ҳама ҷамъ овардани маълумоти аввалия оид ба демографияи сайёҳон, самти хароҷоти онҳо ва муайян намудани профили сайёҳон буда, натиҷаи он барои минбаъд ба роҳ мондани Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ (TSA) дар Тоҷикистон муҳим мебошад.

Баъд аз он натиҷаҳои тадқиқоти сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шакли рӯнамо аз ҷониби директорони ташкилотҳои ҷамъиятии “Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ” Деҳқонов Ҷаҳонгир ва Маркази таҳлилии “Наво” Аминҷонов Рустам манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Тавре қайд гардид, ин навъи тадқиқот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба гузаронида шуда, натиҷаҳои аз он бадастомада минбаъд барои амиқ намудани фаҳмиши мутахассисони соҳа нисбат ба бозори сайёҳии Тоҷикистон, такмили бренди миллии сайёҳӣ, таҳияи стратегияҳо оид ба маркетинги сайёҳӣ, барномаҳои соҳавӣ ва аз ҳама муҳим барои дуруст роҳандозӣ намудани Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми ҳамоиш оид ба натиҷаҳои тадқиқот миёни ҳозирин ва маърӯзачиён саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

hamoishi mushtarak