Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт аз мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистон дидан намуданд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба мамлакати мо омаданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо саёҳати иттилоотӣ доир намуд.

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода таассуроташонро аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рангину хотирмон баён доштанд.

Омӯзиш ва тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Кувайт аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати мазкур мебошад.

Зимни мулоқот намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолиби худро барои ба роҳ мондани ҳамкории бештар муаррифӣ намуданд.

Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд, ки Кумита бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо Кувайт дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани барномаҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Кувайт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зикр гардид, ки бо мақсади муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои хориҷӣ пресстурҳо ва инфотурҳо ташкил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 29 декабри соли 2022 дар масири Ал – Кувайт – Душанбе – Ал – Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд. Ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим буда, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба кишвари мо хизмат менамояд.

Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2019 миёни Тоҷикистон ва Кувайт Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расида, ҳамкории судманд дар ин самт бомаром идома дорад.