Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ — ДАР ҚАТОРИ ДӮСТОШТАТАРИН МАКОНҲО БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ РУСИЯ! Фурудгоҳи Внуковои Москва маъмултарин самтҳои сайёҳӣ дар мавсими тобистонро номбар кард

Фурудгоҳи бузурги Москва — Внуково маъмултарин самтҳои сайёҳӣ дар мавсими тобистонро номбар кард. Хатсайри Москва-Душанбе тобистони соли 2022 дар фурудгоҳи Внуково ба қатори панҷгонаи маъмултарин самтҳои байналмилалӣ шомил шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба агентии хабарҳои шаҳрии «Москва».

Ҳамин тариқ, парвозҳо аз фурудгоҳи Внуково ба Душанбе, Анталия, Ереван, Истанбул ва Дубай дар мавсими тобистон самтҳои маъмултарини хориҷӣ гардиданд.

Агентии хабарҳои шаҳрии «Москва» хатсайри SZ 334 «Москва-Душанбе»-ро, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад ва хатсайри UT 803 «Москва-Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Русия «ЮТэйр» амалӣ мегардад, дар назар дорад.

Дар навбати худ, ба рӯйхати самтҳои маъмултарин дар дохили Русия Санкт-Петербург, Сочи, Махачқалъа, Калининград ва Минеральные Воды дохил мешаванд.