Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии омори сайёҳӣ низоми нав ҷорӣ карда мешавад

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ва ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ (TSA -Tourism Satellite Account) ҷорӣ карда мешавад.

Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян хоҳад кард.

Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони Кумита, ширкатҳои сайёҳӣ ва мақомотҳои дахлдор курси омӯзишӣ оид ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ ва такмилу соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ баргузор гардид.

Дар кори омӯзишӣ ба мутахассисон оид ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мамлакат ва такмилу соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ машварат гузаронида шуд.

Зикр шуд, ки дар Кумита ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гурӯҳи кори доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

Ҳамчунин бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта электронӣ гардонидани портал амалӣ гардида, бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ раванди гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ низ электронӣ гардонидаа мешавад.

Ҳангоми пурра ҷорӣ гардидани низоми хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон (маҳзани ягона оид ба санҷишҳо ва иҷозату иҷозатномаҳо) ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва баланд бардоштани рақобат пазирии бахши хусусӣ, аз чумла муттаҳидкунии вазифаҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ, соддагардонии раванди гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мусоидат менамояд.