Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ноҳияи Дарвоз ба шунавандагони курси омӯзишӣ аз рӯи ихтисоси пешхизмат шаҳодатнома супорида шуд

Бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ омода кардани мутахассисони донандаи забон, фарҳанг, таърих ва технологияҳои муосир, такмили ихтисос ва тақвияти нерӯи инсонӣ, аз ҷумла идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва маркетологҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст.

Дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, НТҶ курсҳои омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои пешхизмати тарабхона, пешхизмати меҳмонхона, роҳбалад, барандаи экскурсия аз ҳисоби муассисаҳои хизматрасонӣ ҷалб гардида, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло бо роҳбарон ва кормандони меҳмонхонаю ошхонаҳои ноҳияи Дарвоз вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо баргузор карда шуд.

Зикр карда шуд, ки  ноҳияи Дарвоз яке аз ноҳияҳое ба шумор меравад, ки барои пешрафту рушди соҳаи сайёҳии тамоми имкониятҳоро доро мебошад. Аз ин рӯ, омода кардани мутахассисони соҳибкасб барои қабулу хизмтрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳим мебошад.

Бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва фаро гирифтан дар курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ фароҳам оварда шуда, онҳо ҷиҳати огоҳ будан аз вазъи соҳа ва маълумоти беҳтару бештар пайдо кардан ҷалб карда мешаванд.

Дар охир аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ба шунавандагони курси омӯзишӣ аз рӯи ихтисоси пешхизмат шаҳодатномаҳои хатм супорида шуд.

 

darvoz2

 

darvoz3