Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар Ҷаласаи 4-уми роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Имрӯз Ҷаласаи 4-уми роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар кори нишасти мазкур муовини Сарвазир – Вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон Абдуҳакимов А.А. Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ, роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲИ аз Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Туркия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки тибқи нақша ҷаласаи мазкур бояд дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври ҳузурӣ баргузор мешуд. Бинобар сабаби вазъи эпидемологӣ он дар сиғаи маҷозӣ гузаронида шуд.

Дар нишасти мазкур лоиҳаи Харитаи роҳ ҷиҳати мусоидат ба барқарорсозии босуръат, рушди бехатар ва устувори сайёҳӣ пас аз Ковид-19 дар минтақаи СҲИ қабул карда шуд. Масъалаҳо вобаста ба интихоби пойтахти сайёҳии СҲИ, лоиҳаи эъломияи Самарқанд, замон ва макони баргузории нишасти вазирони сайёҳии кишварҳои аъзо дар соли 2023 ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, дар доираи ин вохӯрӣ ҷаласаи 6-уми гурӯҳи коршиносони аршади соҳаи сайёҳии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид.

Дар рафти кори нишаст шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2023 пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардида, эъломияи Самарқанд қабул карда шуд.

Натиҷаи кори нишасти 4-уми вазирони сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ бо протоколи дахлдор ба расмият дароварда шуд.

Қобили қайд аст, ки 4 октябри соли 2019 дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир шуда буд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид.