Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оғоз ёфт

Марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (барои солҳои 2023-2026) оғоз гардид. Дар ин марҳила ба саноатикунонии босуръати соҳаи сайёҳӣ, тақвияти неруи кадрии соҳаи сайёҳӣ, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ ва таъмини иттилоотии соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ, ташаккули маҳсулот ва хизматрасониҳои сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок аҳамияти хосса дода мешавад. Гуфта шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 22 декабри соли 2017 лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Abdukarim urbonzodaҲамчунин 29 декабри соли 2022 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқ гардид.

Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он 4 солро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад. Дар ин марҳилаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ диққати асосӣ равона карда мешавад.

Марҳилаҳои амалишавии Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ба марҳилаи рушди суръатнок (2019-2022), марҳилаи ба анҷом расонидани саноатикунонии босуръат (2023-2026) ва марҳилаи ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (2027-2030)-и Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар назар дошта шудаанд.

Барои татбиқи босамари Стратегия маблағгузории бахши хусусӣ, шарикони рушд ва сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда истодааст. Аз ҷумла, шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридшаванда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, саҳми сайёҳӣ дар содирот, саҳми сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи сармоягузориҳо, саҳми сайёҳӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шумораи субъектҳои бақайдгирифташудае, ки ба соҳаи истироҳат ва табобат хизмат мерасонанд, шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузаронида мешавад, индикаторҳои асосии Стратегия маҳсуб мешаванд.

Бояд гуфт, ки тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардида, мақсаднок татбиқ гардид.

Дар давраи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 дар панҷсоли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.

Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд. Ҳоло зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад.

Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содашуда ҷорӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки саноати сайёҳӣ яке аз шаклҳои ба таври динамикӣ рушдёфта дар хизматрасонии байналмилалии савдо буда, дар ҷаҳон доиман дар ҳоли рушд аст. Он ба таъсири туризм дар иқтисоди ҳар кишвари алоҳида алоқаманд аст.