Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагириҳо аз соли 2022 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда

Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Кумита дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зикр намуд, ки бо дарназардошти аҳамияти калидӣ доштани соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар он ҳамчун самти афзалиятноки рушд дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷ гардида, Пешвои миллат ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар ин самти стратегӣ ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Дар соли сипаришуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфияту назокати кишвар дар кишварҳои Россия , АМА, Арабистони Саудӣ, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Британияи Кабир ва Ӯзбекистон ба таври васеъ инъикос гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 100 чорабинӣ бо мақсадиии муаррифии назокату зарфиятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил гардид.

Маҳз натиҷаи тарғиби ташвиқи васеи иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷ аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ тибқи арзёбиҳои созмону шабакаҳои бонуфузи иттилоотии байналмилалӣ дар соли равон мавқеи намоёнро ишғол намуд.

Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди муаррификунандаи симои сайёҳии Тоҷикистон масъул мебошад.

Аз ин рӯ мо масъулини соҳаро дар зарур аст, ки дар дар якҷоягӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни паёмашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, аз ҷумла ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ, самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба даст овардани дастовардҳои назаррас ҷиҳати таъмини рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар самтҳои марбута, фаъолияти худро тақвият бахшем.