Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:32, November 12, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 71 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт

Ҳамдиёрони азиз!

Кулли сокинони ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон самимона табрик мегӯям.

Истиқлолу озодӣ барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошад, ки аз баракати он имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дар Ватани озоди худ ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти кору фаъолияти созандаву ободгарона дорад.

Мо дар чанд рӯзи сафари кории худ баръало мушоҳида кардем, ки сокинони бонангу номуси водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Рашт барои сазовор истиқбол намудани ин ҷашни муқаддасу бузург корҳои назарраси ободониву созандагиро ба роҳ мондаанд.

Боиси хушнудист, ки аз ибтидои омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳаёти мардуми кишвар як марҳалаи рӯҳбаландии бесобиқа оғоз гардида, ба хурду бузурги Тоҷикистон дар роҳи боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон илҳому неруи тоза мебахшад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардум Ватани азизи мо, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт нисбат ба имрӯз ободу зебо ва шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам беҳтар мегардад.

Мо дар ҷараёни сафари корӣ, ба ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт дар маросими ифтитоҳи даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, биноҳои таълимии замонавӣ, муассисаҳои муосири хизматрасонии тиббӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ва марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ ширкат намудем.

Имрӯз илова ба иншооти навбунёди зикршуда дар маркази ноҳияи Рашт майдони Нишон ва Парчами давлатӣ ифтитоҳ гардид, ки маркази ноҳияро хеле ободу зебо гардонидааст.

Хотирнишон менамоям, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ соҳибкорони бонангу номус ва сокинони ватандӯсти ноҳия саҳми назаррас гузоштаанд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён менамоям.

Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёду таҷдиди 307 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 131 иншоот ба анҷом расонида шудаанд, ки 43 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Зарур аст, ки корҳоро дар иншооти боқимонда вусъат бахшида, ба истифода додани онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд таъмин карда шавад.

Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 1,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 6 лоиҳа идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 123 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳоло яке аз лоиҳаҳои калонтарин барои ноҳияҳои водии Рашт – бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод татбиқ шуда истодааст, ки шоҳроҳи байналмилалӣ буда, бунёди он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур то охири сол 86 километр роҳ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ва бо арзиши умумии 4,3 миллиард сомонӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Ба истифода додани ин роҳ ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулот ва рафтуомади мусофиронро байни ноҳияҳои водии Рашт ва маркази кишвар дар чор фасли сол таъмин карда, ба рушди истеҳсолот ва хизматрасонӣ, бахусус, сайёҳӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 256 лоиҳа ба маблағи 393 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳо дар 202 лоиҳа ба анҷом расонида шудаанд, ки 79 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад.

Ин албатта, кори хуб аст.

Ба роҳбарияти ноҳия зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби бахши хусусӣ иҷрои лоиҳаҳои боқимондаи барномаро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Барои боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои ноҳияи Рашт бо неруи барқ то имрӯз ду неругоҳи барқи обӣ ба маблағи 46 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар ноҳия татбиқи лоиҳаи ҷорӣ намудани низоми электронии назорат ва баҳисобгирии неруи барқ ба маблағи 42 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба баланд бардоштани сифати таъминоти барқ ва кам кардани талафоти он мусоидат менамояд.

Дар 15 соли охир ба аҳолии ноҳия 811 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, зиёда аз 3,5 ҳазор оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудааст.

Ноҳияи Рашт яке аз ноҳияҳое мебошад, ки дар самти кишоварзӣ имконияту захираҳои зиёд, деҳқонони асилу соҳибтаҷриба ва умуман мардуми заҳматкаш дорад.

Нишондиҳандаҳои дар замони соҳибистиқлолӣ бадастовардаи кишоварзон ва аҳолии ноҳия гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, ба он ҳамчун заминаи стратегии рушди неруи инсонӣ ва омили муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рашт 125 бинои нави таълимӣ барои беш аз 23 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин, дар соли ҷорӣ боз 13 бинои нави муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5350 хонанда, ба истифода супорида мешавад.

Дар ҷараёни сафари кории имрӯзаи мо чор бинои нави муассисаи таълимӣ барои ду ҳазор хонанда ба истифода дода шуд.

Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тибқи квотаи президентӣ 573 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 353 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул гардидаанд.

Барои ба таҳсилоти олии касбӣ бештар фаро гирифтани ҷавонони ноҳияҳои минтақаи Рашт маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар соли 1992 дар шаҳраки Навобод филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ташкил гардид.

Соли 2013 дар ноҳия Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 2,5 ҳазор нафар донишҷӯён дар шароиту имкониятҳои беҳтарин таҳсил карда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки роҳбарияти ноҳия якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориро бо бахши хусусӣ вусъат бахшида, ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва ҳалли дигар мушкилоти мавҷудаи соҳа чораҳои зарурӣ андешанд.

Имрӯз мо дар ноҳия бинои нави Маркази хизматрасонии модару кӯдакро, ки бо таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода супоридем.

Инчунин, биноҳои беморхонаи марказӣ ва муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия баъд аз таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Иншооти зикршуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба маблағи зиёда аз 100 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидаанд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки дар ноҳия то ҳол норасоии мутахассисони баландихтисоси тиббӣ мушоҳида мегардад ва ин масъала бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни истиқлоли кишвар ҷашни ҳар як фарди бонангу номус ва ҳар як шахси ватандӯсту ватандор мебошад.

Барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги таърихӣ мардуми шарафманди ноҳияи Рашт дар амалӣ намудани        корҳои зиёди ободониву бунёдкории диёри худ ва Ватани     азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, ки барои анҷоми ин амалҳои нек ба ҳамаи онҳо миннатдории самимӣ баён менамоям.

Мову шумо бояд корҳои ободониро вусъати бештар бахшем ва дар хотир дошта бошем, ки ободии Ватан аз хонаву дари ҳар яки мо оғоз мешавад.

Мо – тоҷикон – таҷрибаи деринаи аҷдодамонро барои тозаву озода ва ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон, маҳалли зист, деҳаву шаҳрак ва диёри худ бояд ҳамеша риоя намоем.

Ҳамчунин, бори дигар хотиррасон месозам, ки бо дарназардошти вазъи бисёр ноороми ҷаҳони муосир, хусусан, тағйирёбии босуръати иқлим ва паёмадҳои ногувори он – камобиву хушксолии пайдарпай ва офатҳои табиӣ бояд ҳар як оила дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ бошад.

Боз такрор мекунам, ки ноҳияи Рашт барои истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, аз ҷумла картошка, мева, асал, инчунин, коркарду содироти маҳсулот, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, рушди сайёҳӣ ва бо ҳамин роҳ боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила имкониятҳои фаровон дорад.

Фаромӯш накунед, ки шумо дар саргаҳи об қарор доред.

Дигар ин, ки мову шумо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ватандӯсту ватанпараст бошем, ҳамеша барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлатамон талошу кӯшиш кунем ва ба тарбияи фарзандонамон, яъне наслҳои ояндасоз эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳия барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон минбаъд низ саъю талоши ватандӯстонаро идома медиҳанд.

Ҷашни муқаддасу мубораки истиқлолу озодии Ватанро ба тамоми сокинони шарафманди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ – бори дигар табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саломатӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.72
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
12 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 12 Nov 2024 04:30 UTC
Latest change: 12 Nov 2024 04:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:32, November 12, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 71 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph