Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии зарфиятиҳои сайёҳии Тоҷикистон

12 июни соли 2024 дар Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорон баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов роҷеъ ба муҳимтарин тасмимҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маъруза намуда, имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба хабарнигорон муаррифӣ намуд. Роҳбари […]

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз! Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Тибқи таълимоти дини мубини ислом […]