Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Вохурии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Нуртас Карипбаев — Раиси Кумитаи саноат ва сайёҳии Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:44, December 10, 2025
12°C
62 %
1025 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 30%
Sunrise: 07:31
Sunset: 17:03
Hourly Forecast
20:00
temperature icon
11°/12°°C 0 mm 0% 4 mph 62% 1025 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
10°/11°°C 0 mm 0% 3 mph 58% 1025 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
9°/10°°C 0 mm 0% 3 mph 54% 1024 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 2 mph 48% 1022 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 2 mph 46% 1022 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 31% 1021 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 0 mph 27% 1018 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 2 mph 37% 1019 mb 0 mm/h

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардорони шуъбаҳои якум ва дуюм дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳо дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ,  Деваштич ва Истиқлоли вилояти Суғд, Хуросон, Норак, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – Роғун, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят намуда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас гузоштанд. 

Бо ёдоварӣ аз вазъи зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид гардид, ки иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҳар як корманди соҳа ва бахусус, ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳушёрию зиракии доимӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

“Донистани  забонҳои хориҷӣ, бо назардошти таҳдидҳои замони муосир истифода аз технологияҳои рақамӣ, такмили донишу маҳорати касбӣ, омодагии ҷисмонӣ, интихоб ва таъини кадрҳои  дорои савияи донишу малакаи баланди касбӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбари воҳидҳои сохтории вазорат ба ҳисоб мераванд”, – таъкид намуданд Сарвари давлат.

Бобати таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар доираи Низомнома ва санадҳои  меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва муборизаи беамон бо коррупсия дар тамоми сохторҳои вазорат аз дастурҳои Пешвои миллат буданд, ки зимни суҳбат ироа гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.29
US TJS/USD9.23
EU TJS/EUR10.74
RU TJS/RUB0.12
10 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 10 Dec 2025 12:25 UTC
Latest change: 10 Dec 2025 12:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:44, December 10, 2025
12°C
62 %
1025 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 30%
Sunrise: 07:31
Sunset: 17:03
Hourly Forecast
20:00
temperature icon
11°/12°°C 0 mm 0% 4 mph 62% 1025 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
10°/11°°C 0 mm 0% 3 mph 58% 1025 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
9°/10°°C 0 mm 0% 3 mph 54% 1024 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 2 mph 48% 1022 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 2 mph 46% 1022 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 31% 1021 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 0 mph 27% 1018 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 2 mph 37% 1019 mb 0 mm/h