Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:12, December 26, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 60 %
Pressure 1029 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ намуданд

24  май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 – уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии беш аз 1 гектар ва ба маблағи 35 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки таълим дар як баст барои то 150 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Маркази рушди малакаҳои касбӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид.

“Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар ноҳияи Данғара” аз бинои таълимии 4-ошёна ва хобгоҳи 4-ошёна иборат аст.

Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд.

Баъди ба истифода додани Марказ 70 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла “Мутахассиси  коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор” ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

Дар заминаи маркази мазкур барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.

Дар Маркази рушди малакаҳои касбӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Шароити фароҳамгардида дар маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Иншооти навбунёд бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Ҳамзамон, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 130 ҷойи хоб иборат аз 57 ҳуҷра таъсис дода шудааст.

Масоҳати умумии қитъаи замини Марказ зиёда аз 1 гектарро ташкил медиҳад.

Дар марказ омӯзиши малакаҳои касбӣ дар мувофиқа бо ассотсиатсияҳои соҳавӣ муайян шудаанд. Барномаҳои нави таълимӣ барои давраи кӯтоҳтар нисбат ба таълими муқаррарӣ барои гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ки имкони пардохти таълим ё сарфи вақти барои барномаи ТИКТО дар шакли рӯзона муқарраргардидаро надоранд, пешбинӣ карда мешавад.

Барои ҳавасманд кардани занон ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст. Маоши омӯзгорон дар марказ то 5500 сомониро ташкил медиҳад.

Машваратҳо оид ба таъминшавӣ бо кор бо истифодаи таҷҳизоти таҷдидшудаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ “ТИК” ва нармафзор барои санҷиши қобилият пешниҳод карда шудааст.

Инчунин дар саҳни бинои муосир майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шуда, атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтаанд.

Синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони он ба системаи гармидиҳӣ пайваст аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки чунин марказҳои муҷаҳҳази касбомӯзӣ дар саросари кишвар бояд бунёд карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби шарикони рушд хуб пазируфта шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.37
RU TJS/RUB0.11
26 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 26 Dec 2024 13:15 UTC
Latest change: 26 Dec 2024 13:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:12, December 26, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 60 %
Pressure 1029 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph