Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Вохурии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Нуртас Карипбаев — Раиси Кумитаи саноат ва сайёҳии Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:15, December 2, 2025
8°C
31 %
1021 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 12%
Sunrise: 07:24
Sunset: 17:04
Hourly Forecast
20:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 2 mph 31% 1022 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
7°/8°°C 0 mm 0% 2 mph 27% 1022 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
6°/7°°C 0 mm 0% 2 mph 23% 1023 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
5°/5°°C 0 mm 0% 2 mph 18% 1023 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
6°/6°°C 0 mm 0% 2 mph 16% 1025 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
14°/14°°C 0 mm 0% 1 mph 9% 1023 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 7% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
12°/12°°C 0 mm 0% 2 mph 11% 1020 mb 0 mm/h

Ифтитоҳи Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ – андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад.

Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог – андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Марказ бо системаи муосири гармӣ ва сарднамоии дохили бино таъмин аст.

Ин марказ аз 96 ҳуҷра, аз ҷумла 11 ҳуҷраи табибон, 31 ҳуҷраи беморон ва 54 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Маркази тиббӣ дорои 54 кат барои беморон аст. Барои бунёду муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар ин ҷо 30 нафар мутахассис соҳиби кори доимӣ гардиданд. 6 табиб ба фаъолият машғуланд, ки баъзе аз онҳо хатмкардаи муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар мебошанд.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар Маркази тиббии “Микролаб” аз давлатҳои Русияву Чин ворид карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва табибони марказ дастур доданд, ки ташхису табобати беморон аз ҷониби мутахассисон дақиқ роҳандозӣ шуда, омӯзиши густурдаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз тарафи духтурон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Таҷҳизоти соҳавии баландсифат ташхису табобати дақиқу ҳаматарафаи беморонро таъмин месозад. Баъзе воситаҳои муоинаву муолиҷаи ин марказ дар мамлакат камназир буда, тавассути онҳо метавон табобати бемориҳои гуногуни мардонаву занонаро сифатан хуб ба роҳ монд.

Маркази мазкур бо дастгоҳи муосири эндоскопӣ, таҷҳизоти литориптории пневматикӣ барои майда кардани санги роҳҳои пешобгузар бо усули ҷарроҳии эндоскопӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар шуъбаи таҳлилгоҳи марказ таҷҳизоти муосир, ба монанди анализаторҳои насли нав, дастгоҳи иммуноферментӣ ва анализаторҳои хун, пешоб ва микроскопҳои тринокулярӣ насб шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, аҳаммияти рушду тавсеаи бештари тибби хусусӣ дар ҷумҳуриро махсус таъкид карданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.23
US TJS/USD9.27
EU TJS/EUR10.76
RU TJS/RUB0.12
02 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 02 Dec 2025 13:20 UTC
Latest change: 02 Dec 2025 13:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:15, December 2, 2025
8°C
31 %
1021 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 12%
Sunrise: 07:24
Sunset: 17:04
Hourly Forecast
20:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 2 mph 31% 1022 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
7°/8°°C 0 mm 0% 2 mph 27% 1022 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
6°/7°°C 0 mm 0% 2 mph 23% 1023 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
5°/5°°C 0 mm 0% 2 mph 18% 1023 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
6°/6°°C 0 mm 0% 2 mph 16% 1025 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
14°/14°°C 0 mm 0% 1 mph 9% 1023 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 7% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
12°/12°°C 0 mm 0% 2 mph 11% 1020 mb 0 mm/h