Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
02:11, November 8, 2025
3°C
75 %
1028 mb
0 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 34%
Sunrise: 06:58
Sunset: 17:18
Hourly Forecast
05:00
temperature icon
3°/3°°C 0 mm 0% 2 mph 61% 1028 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
4°/5°°C 0 mm 0% 2 mph 46% 1028 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 1 mph 21% 1026 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 17% 1023 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 2 mph 22% 1023 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 2 mph 26% 1025 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 28% 1026 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 2 mph 29% 1025 mb 0 mm/h

Неофоруми ҷавонон таҳти унвони “Муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар барои ҷавонони хориҷӣ”

Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неофоруми ҷавонон таҳти унвони “Муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар” барои ҷавонони хориҷӣ баргузор гардид.

          Чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

          Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ Баҳрулло Муқимов суханронӣ намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро тайи се даҳсолаи ахир дар муаррифии имиҷи сайёҳии кишвар ба сокинони сайёра баланд арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва мардуми шарафманди тоҷик ба бунёди роҳу пулҳои муосир, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ-обӣ, садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ, зербинои муосири коммуникатсионӣ, энергетикиву саноатӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳии кишвар саҳми арзанда гузошта, низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд оварданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ мубаддал гардониданд.

          Тавре қайд гардид, Президенти мамлакат кишвари азизамон Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати пешгирифтаи «дарҳои кушода»-и ӯ боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Маҳз чунин сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фарогиру мустаҳкам гардидани робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, бахусус бо кишварҳои минтақа мусоидат намуд.

Сипас иқтидори сайёҳии кишвар, дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ дар зарфи беш аз се даҳсола ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ барои солҳои минбаъда дар шакли рӯйнамо ва видео-роликии таблиғотии сайёҳӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии телевизиони ҷаҳонии хабарии “BBC” омода гардидааст, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.    

Дар кори Неофорум, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва Япония, ки дар муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар таҳсил мекунанд, иштирок намуда, фикру андешаҳои худро дар мавриди пойдории сулҳу субот, шароити таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон иброз доштанд.

Пешниҳод карда шуд, ки донишҷӯён метавонанд бо истифода аз фановариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҳолати тинҷию оромӣ, маконҳои дилкашу дидании сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба дӯстон ва ҳаводорони сайру саёҳат пешкаш намоянд.

Ҳамоиши мазкур дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, дар фарҷоми он миёни мизбонон ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт ва ҳозирин ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.08
US TJS/USD9.28
EU TJS/EUR10.65
RU TJS/RUB0.11
07 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 07 Nov 2025 00:25 UTC
Latest change: 07 Nov 2025 00:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
02:11, November 8, 2025
3°C
75 %
1028 mb
0 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 34%
Sunrise: 06:58
Sunset: 17:18
Hourly Forecast
05:00
temperature icon
3°/3°°C 0 mm 0% 2 mph 61% 1028 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
4°/5°°C 0 mm 0% 2 mph 46% 1028 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 1 mph 21% 1026 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 17% 1023 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 2 mph 22% 1023 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
10°/10°°C 0 mm 0% 2 mph 26% 1025 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
9°/9°°C 0 mm 0% 2 mph 28% 1026 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
8°/8°°C 0 mm 0% 2 mph 29% 1025 mb 0 mm/h