Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:04, September 16, 2025
20°C
60 %
1016 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 40%
Sunrise: 06:07
Sunset: 18:32
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
20°/22°°C 0.02 mm 2% 1 mph 60% 1016 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
19°/20°°C 0.02 mm 2% 3 mph 53% 1016 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
21°/22°°C 0 mm 0% 4 mph 41% 1017 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
24°/24°°C 0 mm 0% 8 mph 27% 1018 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 8 mph 25% 1015 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 8 mph 25% 1014 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 4 mph 32% 1015 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 0 mph 39% 1017 mb 0 mm/h

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд оғоз гардид

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар давраи мураккаби ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар лаҳзаҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба бақои давлату миллат таҳдид мекард, дар Қасри маданияти “Арбоб” иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, бо иродаи кулли вакилони Шӯрои Олӣ сиёсатмадори оқилу ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Маҳз бо хираду ҷасорату қарорҳои оқилонаи Сарвари давлат ва Иҷлосияи таърихӣ ба сулҳи тоҷикон оғоз бахшида, давлату миллат пойдор боқӣ монд.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, қарорҳои он ва амалу иқдомҳои ҷасуронаю дурбинонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарору таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеъии Тоҷикистон, якпорчагии давлати ҷавони тоҷикон, истиқрори сулҳу таъмини ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт.

Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа – олимону зиёиён, занону ҷавонон бо барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ ва дар фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукрона аз давлати соҳибистиқлол таҷассуми садоқат, эҳдои меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз хираду ҷасорат, сиёсати оқилонаю ояндабинонаи наҷотбахшу сарсупурдаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, сиёсатмадори хирадманд аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот пойдор ва халқи Тоҷикистон бо иқдому амалҳои созанда баҳри рушду пешрафти минбаъда қадамҳои устувор мегузоранд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.95
US TJS/USD9.51
EU TJS/EUR11.18
RU TJS/RUB0.12
15 Sep · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 15 Sep 2025 14:10 UTC
Latest change: 15 Sep 2025 14:10 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:04, September 16, 2025
20°C
60 %
1016 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 40%
Sunrise: 06:07
Sunset: 18:32
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
20°/22°°C 0.02 mm 2% 1 mph 60% 1016 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
19°/20°°C 0.02 mm 2% 3 mph 53% 1016 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
21°/22°°C 0 mm 0% 4 mph 41% 1017 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
24°/24°°C 0 mm 0% 8 mph 27% 1018 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 8 mph 25% 1015 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 8 mph 25% 1014 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 4 mph 32% 1015 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 0 mph 39% 1017 mb 0 mm/h